Ссылки доступа

Ҳамлаҳои мушакии Русия ба пойтахти Украина


Мақомоти Украина аз рух додани чанд таркиш дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Киев, хабар доданд. Шаҳрдор Виталий Кличко дар "Телеграм" навишт, ки "чанд таркиш дар маркази Киев рух дод. Ҳама ниҳодҳо дар маҳал ҳузур доранд. Тафсилот дертар нашр хоҳад шуд."

Дар аксҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр шуд, дида мешавад, як мошини мусофирбар дар ҷои ҳодиса дар ҳоли сӯхтан аст.

Расонаҳои украинӣ иттилоъ доданд, ки дастикам садои панҷ таркиш шунида шудааст. Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар додааст, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакӣ ба маркази Киев чанд нафар кушта ва захмӣ шуданд, аммо шумораи онҳоро эълон накардааст.

Таркишҳо дар пойтахти Киев дар ҳоле рух медиҳанд, ки рӯзи гузашта президенти Русия Владимир Путин Хадамоти махсуси Украинаро ба созмондиҳии таркиш дар пули Керч, ки ин кишварро бо нимҷазираи ишғолии Қрим мепайвандад, гунаҳкор кард.

Шабакаҳои телевизионии Русия шоми якшанбе мулоқоти Путинро бо раиси Кумитаи тафтишотии он кишвар Александр Бастрикин намоиш доданд. Бастрикин гуфт, дар ҳамла на танҳо Хадамоти махсуси Украина, балки шаҳрвандони Русия ва кишварҳои дигар низ даст доранд.

Президенти Русия таркишро дар пули Керч "ҳамлаи террористӣ" номид. "Тарроҳ, иҷрогар ва фармоишгар Хадамоти махсуси Украина аст", - илова кард ӯ.

Мақомоти Русия гуфтанд, таркиши мошини бомбгузоришуда дар рӯзи 8-уми октябр сабаби қатъи ҳаракат шуд ва мақомоти Украина ишора кардаанд, ки таркиш кори дасти онҳост. Дар як видеое, ки дар гӯшаҳои украинии шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, қатори оташгирифта ва як қисмати фурӯрафтаи роҳи мошингарди пул дида мешавад.

Вайрон шудани пулро зарбаи сахте ба талошҳои Русия ба ҷанг дар Украина медонанд, чун пул яке аз роҳҳои асосии таъминоти сарбозони Русия аст.

Ҳамлаи густурдаи низомии Русия ба Украина аз 24-уми феврали имсол то ба ҳол идома дорад. Нерӯҳои Русия ҳамлаҳои ҳавоиро алайҳи зерсохторҳои низомӣ ва ғайринизомӣ анҷом медиҳанд. Русия ҷанги таҷовузкоронаро алайҳи Украина рад карда ва онро "амалиёти вижа" меномад.

Тибқи омори Созмони Милал аз 2-юми октябр, бар асари таҷовузи Русия ба хоки Украина, 6114 нафар ҷон бохта ва 9132 ғайринизомии дигар захмӣ шудаанд. Ҳудуди 12 миллион украинӣ бар асари ин ҷанг ҷойи зисти худро тарк кардаанд. Беш аз панҷ миллиони онҳо ба кишварҳои ҳамсоя рафтаанд.

XS
SM
MD
LG