Ссылки доступа

СҶТ гуфт, беш аз 92 ҳолати гирифторӣ ба "сурхакони маймун" ошкор шудааст


"Сурхакони маймун"

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) мегӯяд, 92 ҳолати гирифторӣ ба вируси "сурхакони маймун"-ро ошкор карда, наздики се ҳолати дигар дар ҳоли тасдиқшавӣ қарор дорад.

Дар ин бора дар сомонаи созмон хабар дода шудааст. Масъулони созмон ҳушдор додаанд, ки шумори мубталоён ба вируси нав афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳолатҳои гирифторӣ дар 15 кишвар ошкор гаштааст. Онҳо аз ҳама бештар, дар Белгия, Фаронса, Олмон, Итолиё, Португалия, Испания, Шветсия, Ҳолланд ва Бритониё тасдиқ шудаанд. Чанд мавриди гирифторӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Австралия низ сабт шудаанд.

Олимон интизор надоранд, ки "сурхакони маймун" ба монанди коронавируси нав ба пандемия табдил ёбад, зеро ба гуфтаи онҳо "зуду осон паҳн намешавад".

"Сурхакони маймун" маъмулан дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, аксар вақт дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ, сабт шуда, дар Конго эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳалле) ба шумор меравад. Онро бори аввал соли 1970 дар бадани одамон кашф карданд.

XS
SM
MD
LG