Ссылки доступа

WP: Нахустин ҳавопаймҳои бесарнишини Эрон ба Москва расиданд


Русия аввалин ҳавопаймоҳои ҷангии бидуни сарнишини эрониро барои истифода дар ҷанги Украина дарёфт кардааст.

Дар ин бора нашрияи "The Washington Post" бо такя ба мансабдорони амрикоӣ, ки номашон зикр намешавад, хабар додааст.

Кохи Сафед қаблан гуфта буд, ки аз нақшаҳои Русия барои дарёфти "садҳо" ҳавопаймои ҷангӣ аз Эрон огоҳ аст. Аммо Москва ин иддаоро рад кард.

Ба иттилои "The Washington Post", бесарнишинҳо рӯзи 19 август тавассути ҳавопаймоҳои боркаш аз Эрон ба Москва оварда шуданд. Гуфта мешавад, сухан дар бораи ду навъи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ҳамлавар (Mohajer-6 и Shahed) меравад, ки қодиранд, ба низомҳои тӯпхонаӣ, радарҳо ва ҳадафҳои низомии дигар ҳамла кунанд.

Нашрия ҳамчунин қайд карда, ки мутахассисони рус дар рафти озмоишҳои аввалин мушкилоти зиёди фаннии ҳавопаймоҳоро ошкор кардаанд, ки истифодаи онҳоро дар ҷанг мушкил мегардонад. Яке аз ҳамсӯҳбатони нашрия бидуни ироаи ҷузъиёт гуфтааст, "русҳо розӣ нестанд".

XS
SM
MD
LG