Ссылки доступа

Дар як рӯзи эътирозҳои Перу 17 кас кушта шудааст


Протесты в Перу

Рӯзи душанбеи 9 январ дар эътирозҳои зиддиҳукуматии Перу 17 кас кушта, 68 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ин бора мақомоти тандурустии он кишвар хабар доданд.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Перу дар моҳи декабри соли 2022 баъди эъломи раъйи беэътимодӣ нисбати президенти пешин Педро Кастило шуруъ шуданд. Рӯзи душанбе пурқурбонитарин рӯз аз оғози ин эътирозҳо гардид.

9 январ ҳамчунин 28 корманди пулис маҷруҳ шудаанд.

Дар маҷмуъ аз оғози эътирозҳо дар он кишвар 39 кас кушта шудаанд. Ширкатдорони эътирозҳо истеъфои президенти нав Дина Болуарте, парокандасозии порлумон, тағйирот ба Конститутсия ва интихоботи нави порлумониро талаб доранд. Онҳо ҳамчунин раҳоии президенти пешин Кастилиоро аз боздошт талаб доранд.

Болуарте интихоботи порлумониро барои моҳи апрели соли 2024 пешниҳод кард. Рӯзи душанбе вай гуфт, ки талабҳои дигари эътирозгаронро қонеъ карда наметавонад.

Дина Болуарте, ноиб-президенти пешини Перу курсии президентиро рӯзи 7 декабри соли 2022 соҳиб шуд. Он рӯз порлумони Перу ба президенти вақт Кастило раъйи беэътимодӣ эълом кард. Кастило мехост, порлумонро пароканда созад, аммо порлумон пароканда нашуд ва барои истеъфои Кастило раъй дод.

Педро Кастило моҳи июни соли 2021 президент интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG