Ссылки доступа

Дастурҳои махфии Путин дар давраи ҷанг зиёд шудааст


Мизони махфӣ шудани фармонҳои президенти Русия Владимир Путин аз оғози ҷанг дар Украина дар давоми 20 соли ахир ба сатҳи рекордӣ расидааст.

Бино ба иттилои дарёфтии расонаи "Медиазона", моҳи март 54% ва моҳи апрел 49%-и фармонҳои Путин махфӣ гардонида шудаанд. Танҳо дар моҳи декабри соли 2002 теъдоди фармонҳои махфишудаи раисҷумҳури Русия 59%-ро ташкил додааст, ки он замон ҷанги Чеченистон идома дошт.

Расона навишта, ки яке аз фармонҳои махфии Путин ба додани ордену медали баъд аз марг ба низомиён рабт дорад. Тибқи иттилои "Медиазона", дасти кам ба 600 низомии кушташуда дар Украина баъд аз марг чунин мукофотҳо дода шудааст.

Бино ба арзёбиҳои гуногун, аз оғози ҳамлаи Кремл ба Украина аз 10 то 25 ҳазор сарбози рус кушта шудааст. Вазорати дифои Русия шумори низомиёни кушташудаашро моҳи марти соли равон 1 351 нафар номид.

XS
SM
MD
LG