Ссылки доступа

Ҷаримаи беш аз 2 ҳазор муҳоҷир дар шаби Соли нав дар Санкт-Петербург


Маъмурони пулиси Санкт-Петербург рӯзи якуми январ гуфтанд, ки дар шаби Соли нав беш аз ду ҳазор муҳоҷирро дастгир карда, ҷарима бастанд.

Ба қавли онҳо, муҳоҷирон «аз кишварҳои ҳамсояи наздик»-и Русия буданд. Боздошти муҳоҷирон ҳангоми даромадан ба майдони «Қасри зимистона» сурат гирифтааст.

«Қасри зимистона» макони таърихист. Мақомоти Санкт-Петербург пеш аз Соли нав гуфтанд, ки ба далели амниятӣ гаштугузор дар онҷо мамнуъст.

Пулис гуфтааст, муҳоҷирон бо худ «хлопушка» ё маводи тарфгарӣ доштанд, ки истифодааш манъ аст.

Мақомоти Русия шарҳ надодаанд, ки муҳоҷирон аз кадом кишвар буданд ва чӣ қадар ҷарима шуданд. Баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ бо ирсоли навор иддао карданд, ки бахше аз боздоштшудаҳо муҳоҷирони тоҷик ҳастанд.

Санкт-Петербург пас аз Маскав дуюмин шаҳри Русия аст, ки теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG