Ссылки доступа

Зеленский дар Маҷмаи умумии СММ хост, Русия муҷозот шавад


Президенти Украина Владимир Зеленский дар як муроҷиати видеоӣ ба иштирокдорони Маҷмаи умумии СММ панҷ банди "формулаи сулҳ"-ро пешниҳод кард, ки дар сурати иҷрои он мешавад ба ҷанг хотима бахшид.

Ба гуфтаи ӯ, банди аввал муҷозот барои нақзи марзи давлатӣ ва куштори ҳазорон нафарро пешбинӣ мекунад.

"Ҷиноят зидди Украина содир шудааст ва мо ҷазои одилона талаб мекунем. Украина талаб дорад, ки барои кӯшиши дуздидани заминҳои кишвари мо ҷазо таъйин шавад", - изҳор дошт Зеленский.

Банди дувум ҳуқуқи ҳар як давлат барои ҳифзи ҳаёти шаҳрвандони худ ва банди севум барқарор кардани амният, аз ҷумла амнияти ғизоӣ, ҳастаиву тамомияти арзӣ мебошад. Банди чаҳорум кафолатҳои амниятӣ ва банди охирин иродаи муҳофизату расонидани ёрӣ қайд шудааст.

Зеленский ба идома ёфтани таҳримҳо зидди Русия даъват карда, хост ин кишвар то анҷоми ҷанг аз созмонҳои байналмилалӣ ҷудо ва аз ҳуқуқи овоздиҳӣ, аз ҷумла ҳаққи вето дар Шӯрои амнияти СММ маҳрум карда шавад. Ҳамчунин вай талаб кард, ки барои русҳо маҳдудияти виза ҷорӣ ва барои баррасии ҷиноятҳои Русия як додгоҳи вижа таъсис шавад.

XS
SM
MD
LG