Ссылки доступа

Зеленский мусодираи дороиҳоро дар ивази ҷонибдорӣ аз ҳамлаи Русия пазируфт


Президент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина қонунеро имзо кард, ки иҷоза медиҳад, дороиҳои афроде мусодира шавад, ки аз ҳамлаи Русия ҷонибдорӣ мекунанд.

"Мусодираи дороии афроди таҳти таҳримҳо, ки ба ҳар шакле аз хушунати Русия зидди Украина ҷонибдорӣ мекунанд, ба иҷроиши буҷаи Украина мусоидат менамояд", - омадааст дар изҳороти сомонаи президенти Украина.

Ин қонунро порлумони Украина рӯзи 12 май қабул карда буд.

Дар қонун омадааст, ки мусодира хосияти истисноӣ дошта, мумкин аст, танҳо дар давраи вазъи ҷангӣ истифода шавад. Қарор дар бораи мусодираро бояд Додгоҳи олии зидди фасоди Украина қабул кунад.

Дар ибтидои моҳи апрел порлумони Украина қонун дар бораи миллисозии дороиҳои шаҳрвандони Русия, инчунин афроди наздик ба Русияро қабул кард.

Меъёрҳои ин қонун шомили ҳоли ҳамаи афроди воқеӣ ва ҳуқуқӣ мешавад. Ҳамаи дороиҳои мусодирашуда барои барқарорсозии Украина истифода хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG