Ссылки доступа

Зеленский аз Ғарб даъват кард, вуруди ҳамаи русиягиҳоро манъ кунанд


Президент Украины Владимир Зеленский

Кишварҳои ғарбӣ бояд вуруди ҳамаи русиягиҳоро ба ҳудуди худ манъ кунанд. Дар ин бора президенти Украина Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо нашрияи The Washington Post изҳори назар кард.

Ба гуфтаи вай, ҳамаи таҳримҳое, ки нисбати Русия ҷорӣ шудаанд дар қиёс бо бастани марзҳо барои шаҳрвандони Русия ва таҳрими комили хариди маводи сухти Русия ночиз ҳастанд.

"Муҳимтарин таҳрим бастани марз аст - зеро русҳо замини дигаронро ғасб мекунанд", - гуфт Зеленский дар мусоҳиба бо нашрия. Вай илова кардааст, ки "русиягиҳо то замоне, ки фалсафаи худро тағйир надиҳанд, бояд дар ҷаҳони худ зиндагӣ кунанд".

Президенти Украина бар ин бовар аст, ки метавон, "ҳамаи аҳолии Русияро ҷавобгӯ кард". Ин ягона роҳи таъсир расонидан ба президенти Русия Владимир Путин аст, гуфт Зеленский.

"Фарқе надорад, кадом русиягие, ки набошад, ӯро ба кишвараш баргардонед. Он замон онҳо дарк мекунанд. Он вақт хоҳанд гуфт: мо ба ин ҷанг ҳеч рабте надорем. Ҳамаи мардум масъул нестанд, магар чунин нест? Мумкин чунин бошад. Маҳз ҳамин мардум чунин ҳукуматро интихоб кардааст ва зиддаш мубориза намебарад, баҳс намекунад, садо баланд намесозад", - гуфт Зеленский дар мусоҳиба бо нашрияи The Washington Post.

Дар чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо масъалаи надодани виза ба шаҳрвандони Русияро баҳс доранд. Эстония, Латвия ва Финландия чунин ташаббусро пешниҳод карданд. Сафоратҳо ва марказҳои визаи чанде аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сабти визаи кутоҳмуддатро барои русиягиҳо қатъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Комисияи Аврупо комилан қатъ кардани виза барои русиягиҳоро аз эҳтимол дур медонад, зеро чунин тасмим хилофи меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо аст. Аз ибтидои ҷанги Русия зидди Украина даҳҳо ҳазор шаҳрванди Русия ин кишварро тарк кардаанд, ки бо сиёсатҳои Владимир Путин мувофиқ нестанд.

Ҳамлаи низомии Русия ба ҳудуди Украина рӯзи 24 феврал бо фармони президент Владимир Путин шуруъ шуд. Ба далели ин ҷанг ИМА ва кишварҳои Ғарб нисбати Москва таҳримҳои сахте ҷорӣ кардаанд, ки на танҳо роҳбарияти Русия, балки тиҷорат ва шаҳрвандони одиро таҳти таъсир қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG