Ссылки доступа

Зеленский гуфт, "мубориза барои Донбасс идома дорад"


Мариуполь, март 2022 года
Мариуполь, март 2022 года

Низомиёни украинӣ гуфтанд, нерӯҳои Русия дар тақрибан тамоми хати марзи шарқии ин кишвар "амалҳои хашине"-ро роҳандозӣ кардаанд.

Президент Владимир Зеленский инро оғози муқовимати пуршиддат дар минтақаи шарқии Донбасс унвон кард.

Рӯзи 19-уми апрел матбуоти украинӣ хабар дод, ки дар хати марзи шарқии ин кишвар дар шаҳрҳои Маринка, Славянск ва Краматорски минтақаи Донетск тирандозиҳои сахт ҷараён дорад.

Зеленский дар изҳороташ гуфт, "мубориза барои Донбасс" шуруъ шудааст ва "қисми зиёди артиши Русия ҳоло дар ин муҳорибаҳо тамаркуз кардаанд". Ӯ дар як паёми видеоӣ рӯзи 18-уми апрел гуфт, "муҳим нест, ки чӣ қадар нерӯҳои русӣ ба он ҷо сафарбар шудаанд. Мо аз худ дифоъ мекунем."

Як мақоми аршади амниятии Украина Олексий Данилов гуфт, нерӯҳои русӣ талош доранд, хати дифоии украиниҳоро рахна карда, ба самти минтақаҳои Донетск, Луҳанск ва Харков бирасанд.

Андрей Ермак, раиси ситоди Зеленский инро "марҳилаи дуюми ҷанг" номидааст.

Вазорати дифои Русия ин муҳорибаҳоро ҳанӯз шарҳ надодааст. Рӯзи 18-уми апрел дар пайи як силсила ҳамлаҳои мушакӣ ба муассисаҳои низомӣ дар шаҳри ғарбии Лвови Украина дастикам 7 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG