Ӯ бидуни ифшои ҷузъиёт афзуд, ки озмоиш бо муваффақият анҷом шудааст. “Фикр мекунам, ҳоло дар бораи ҷузъиёти он суҳбат кардан барвақт аст”, - изҳор доштааст вай.
Зеленский мушаки озмоишшударо дар кишвараш нахустин номидааст.
Мақомоти Украина моҳи сентябри соли 2023 ҳам дар бораи озмоиши мушаки нави дурпарвоз дар он кишвар хабар дода буданд.
Дабири Шӯрои амнияти миллӣ ва дифои Украина Алексей Данилов дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори партоби мушакро нашр кард.
Украина баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бори нахуст аст, ки дар бораи сохта шудани мушаки болдор дар он кишвар хабар медиҳад.