Ссылки доступа

Жанболат Мамай - мухолифи қазоқистониро дар ташкили гирдиҳамоӣ айбдор мекунанд (видео)


В закрытом режиме и под угрозой новых обвинений: как в Казахстане судят Жанболата Мамая
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:33 0:00

В закрытом режиме и под угрозой новых обвинений: как в Казахстане судят Жанболата Мамая

Роҳбари Ҳизби сабтношудаи демократии Қазоқистон Жанболат Мамайро мумкин аст, дар содир кардани ҷиноятҳои нав айбдор кунанд: дар ҷаласаи додгоҳӣ додситон барои хулосаи айбдорсозӣ вақти бештар дархост кард.

Айни замон Мамай бар асоси се модда: таҳқири корманди пулис, паҳнсозии хабари бардурӯғ ва ташкили гирдиҳамоии ғайриқонунӣ айбдор мешавад. Инга Имонбой, ҳамсари Мамай мегӯяд, айби эҳтимолии нав мумкин аст, вазъи ҳуқуқии Мамайро бадтар кунад.

Муҳокимаи парвандаи Жанболат Мамай рӯзи 7 ноябри соли 2022 дар шаҳри Алматои Қазоқистон шуруъ шуда буд.

Мамайро рӯзи 2 ноябри соли 2022 аз боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Алмато озод карданд.

"Додгоҳ қарор кард, ки дар муҳлати тафтишот айбдоршаванда ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад", - омадааст дар қарори додгоҳ.

Мамайи 34-сола 26 феврали соли 2022 боздошт шуда буд. Ӯ баъди гирдиҳамоии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январи имсол дар Қазоқистон бо иттиҳоми нақзи қоидаи ташкили тазоҳуроти осоишта нахуст 15 шабонарӯз ҳабс ва сипас бо гумони "паҳн кардани маълумоти бардурӯғ" ва "таҳқири намояндаи мақомот" ба СИЗО интиқол дода шуд.

Фаъоли қазоқ гуфта буд, ин парванда "ангезаи сиёсӣ" дорад ва ҳадафи он фишор ба фаъолони Ҳизби сабтиномнашудаи демократии Қазоқистон аст.

Против казахстанского активиста Жанболата Мамая завели уголовное дело
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG