Ерлан Тургумбоев, вазири корҳои дохилии Қазоқистон 13 декабр боздошти фаъолони шаҳрвандиро дар он кишвар дар остонаи эътирозҳои эҳтимолӣ қисман шарҳ дод.
ЮНЕСКО (Бахши СММ дар умури маориф, илм ва фарҳанг) 12 декабр номгӯи "мероси ҷаҳонии ғайримоддӣ"-ро таҷдид кард.
Ҳизби муҳофизакори Биртониё бо роҳбарии сарвазир Борис Ҷонсон дар интихоботи пеш аз муҳлати Маҷлиси авом ё Палатаи намояндагон бо касби болотарин раъй дар таърихи муосири ин ҳизб пирӯз шуд.
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти гуруҳе аз маъмурони пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистонро, ки ба иддаои бархе аз онҳо "барқасдона аз кор ронда шудаанд", беасос хонд.
Шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон Санҷар Ахатов 20 октябри соли равон дар ватан бо гумони қатли ҳамсари 27-солааш Лайло Гадойбоева, зодаи вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дастгир шудааст.
Вакилони дифои хонаводаи Матраимовҳо аз Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек дархост карданд, ки ҳабси ҳисоби бонкии бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg-ро бекор кунад.
Эътирозгарон дар шаҳри Бағдоди Ироқ навраси 16-солаеро шадидан латтукӯб карданд, ки гумон меравад, ба сӯи иштирокчиёни тазоҳурот оташ кушода буд. Ба иттилои расонаҳо, тазоҳургарон ҷасади наврасро лагадкӯб карда, дар симчӯб овехтанд.
Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.
Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон тафтиши ҳолатҳои қаллобиеро шуруъ кард, ки ба ситонидани ҷарима аз корбарони сомонаҳои фаҳш рабт дорад.
Гуруҳи шашнафарии фаъолон, ки аз худ ба унвони ҳаракати "405" барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ном мебаранд, рӯзи 12 декабр назди сафорати ИМА дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷамъ омаданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми аксари муттаҳамон ба ошӯб дар зиндони Ваҳдатро эълон кардааст. Додгоҳ онҳоро ба 16 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва куштор, айбдор донистааст.
Загрузить еще