Ссылки доступа

Фаронса Аблязовро ба Русия истирдод мекунад


Мухтoр Аблязов
Мухтoр Аблязов

Ба гуфтаи вакили дифоъ зерҳимояаш мехоҳад аз ин тасмими мақомоти Фаронса ба додгоҳ шикоят барад.

Дар моҳи октябри соли 2014 додгоҳи таҷдиди назари Лион тасмими додгоҳи пойиниро дар бораи истирдоди Аблязов таъйид карда буд, аммо он замон хабар надода шуд, ки бонкдорро ба кадом кишвар истирдод мекунанд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи таҷдиди назари Фаронса ҳукм кард, ки ӯро ба Русия ё ба Украина истирдод кунанд.

Миёни Қазоқистон ва Фаронса қарордод дар бораи истирдоди шаҳрвандон имзо нашудааст. Чунин созишнома бо Русия ва Украина имзо шудаанд, ки ин ду кишвар низ Аблязовро дар корҳои ғайриқонунии молӣ айбдор мекунанд.

Аблязов соли 2013 дар шаҳри Экс-ан-Прованси Фаронса боздошт шуда буд. Вай соли 2009 Қазоқистонро замоне тарк кард, ки мақомоти ин кишвар ӯро дар дуздии шаш миллиард доллар дар замони раҳбариаш дар БТА-бонк айбдор карданд.

Аблязов, ки борҳо аз режими раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоевро интиқод мекард, ин айбҳоро қабул надорад ва онҳоро дорои ангезаҳои сиёсӣ мешуморад.

XS
SM
MD
LG