Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ба кор сар кард (Видео)


Дар Душанбе Биржаи фондии Осиёи Марказӣ фаъол шуд, ки дар он саҳмияҳо ва қоғазҳои қимматноки бонку корхонаҳои тоҷикистонӣ ва ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Дар тӯли панҷ соли оянда хариду фурӯши саҳмияҳо дар ин бозори бурси Тоҷикистон аз пардохти андоз озод хоҳанд буд.

Дар ин бора дар маросими ифтитоҳи Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар Душанбе муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид хабар дод. Ба гуфтаи вай, тасмими ифтитоҳи чунин биржа бо мақсади рушд додани бозори саҳҳом дар кишвар гирифта шудааст.

Барои таъсиси биржаи саҳмияҳо дар Тоҷикистон 35 миллион сомонӣ (беш аз 5 миллион доллар) ҷудо шуда буд. Азамат Қосимов мудири кулли Биржаи фондии Осиёи Марказӣ гуфт, ки ин фурӯшгоҳ ба манзури ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисоди кишвар таъсис шудааст.

XS
SM
MD
LG