Ссылки доступа

САҲА аз интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус интиқод кард


Ҳайати нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) тарзи баргузории интихоботи раиси ҷумҳури Белорусро мавриди танқид қарор дод. Раҳбари ҳайат Кент Харстед изҳор дошт, ки ин интихобот ба меъёрҳои демократӣ мутобиқ набуд.

«Маълум, ки Белорус бояд роҳи тӯлониеро барои иҷрои вазифаҳои демократии худ тай кунад», - гуфт Харстед.

Раҳбари ҳайати САҲА афзуд, ки дар раванди таблиғоти интихоботии соли ҷорӣ мақомоти Белорус барои номзадҳо «шароити нобаробар» фароҳам карда, ба раиси ҷумҳури Белорус Александр Лукашенко бартарӣ доданд. Харстед аз наҳваи шумориши овозҳо ва натиҷагирӣ аз баргузории ин интихобот изҳори таассуф кард.

Александр Лукашенко, ки 21 соли ахир раҳбари Белорус аст, дар интихоботи 11 октябр бо касби 83,5% овозҳо ғолиб шуд. Яке аз номзадҳои собиқ ба вазифаи раиси ҷумҳури Белорус Татяна Короткевич аз натоиҷи эъломкардаи Маркази интихоботӣ розӣ нест ва мехоҳад аз он шикоят барад. Ба гуфтани Короткевич, барои номзадии вай то 35% интихобкунандагон овоз додаанд.

XS
SM
MD
LG