Ба иттилои ин ниҳод, ин кӯмакҳо ба бемористони низомии сатҳи дуввуми нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон бар пояи тавофуқоти қаблӣ барои ширкати ин нерӯҳо дар амалиёти сулҳомез дар чаҳорчӯби СММ ихтисос дода шудаанд.
Намояндагони нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ва Ҳинд ба рушди ҳамкориҳо дар арсаи омода сохтани кадрҳои низомӣ, расонидани кӯмакҳои низомӣ ва фаннӣ ва баргузории машқҳои муштарак таъкид мекунанд.