Вале ин мақсад иҷро нашуд, зеро мақоми баландпоя ба вилоят аслан наомад.
Дар муддати кӯтоҳ ба пешвози сафари сарвазир роҳҳо таъмир шуданд. Дар ду тарафаи роҳҳо корҳои ободкунӣ анҷом шуда, дар саҳро ба сурати мӯъҷизавӣ дубора пахта пайдо шуд. Дар ин бора ба хабарнигорон як сокини маҳаллӣ хабар дод. Ба гуфтаи вай ӯ худ шоҳид шудааст, ки дар саҳроҳои ноҳияи Қӯштеппа ҳосили ҷамъоваришударо мардум дар саҳро дубора ба кӯракҳои пахта мечаспониданд ва ҳатто тавонистааст аз ин кор ба телефони мобилиам акс бардорад.
Дар Ӯзбекистон қаблан низ ҳолатҳое буданд, ки қабл аз ташрифи мақомоти баландпоя мақомоти маҳаллӣ мардумро барои корҳои ободонӣ маҷбур месохтанд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ қабл аз сафари раиси ҷумҳур Каримов ба вилояти Намангон мақомоти маҳаллӣ сокинонро маҷбур карданд, ки боми хонаҳояшонро ранги сурх диҳанд ва ба дарахтон гулҳои коғазӣ часпонанд.