Ссылки доступа

Президентҳои Русия ва Сурия дар Москва гуфтушунид карданд


Шоми рӯзи сешанбе дар Москва вохӯрии раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ва раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад баргузор шуд. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯйи Путин, дирӯз Асад ба Москва сафари корӣ анҷом дод.

Вай афзуд, ки музокироти ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ бо ширкати мақомоти баландпояи Русия баргузор шуданд.

Песков зикр кард, ки Асад Путинро аз вазъият дар Сурия ва нақшаҳои минбаъда огаҳ сохт. Дар ҷараёни дидор раҳбарони ду кишвар раванди амалиёти низомии Русия дар Сурия, мубориза бо терроризм ва арсаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Дар охири моҳи сентябр Русия дар Сурия амалиёти низомии ҳавоӣ оғоз кард, ки ҳадафаш: ба иддаои Кремл, мубориза бо ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" унвон шудааст. Аммо Вашингтон. ки низ дар Сурия бар зидди исломгароиён амалиёти низомӣ анҷом медиҳад, изҳор медорад, ки бештари зарбаҳои Москва бар зидди гурӯҳҳои мухолиф равона шудаанд, ки бо режими Башор Асад мубориза мекунанд.

XS
SM
MD
LG