Ссылки доступа

Департаменти давлатӣ: ИМА дар Сурия бо Русия ҳамкорӣ намекунад


Ёддошти амнияти парвозҳои ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ ва Русия дар ҳарими ҳавоии Сурия қарордоди ҳамкорӣ миёни Русия ва эътилоф нест, изҳор дошт дар нишасти хабарӣ сухагӯйи департаменти давлатӣ Ҷон Кирбӣ.

Ёддошти амнияти парвозҳои ҳавопаймоҳои эътилофи байналмилалӣ ва Русия дар ҳарими ҳавоии Сурия қарордоди ҳамкорӣ миёни Русия ва эътилоф нест. Ва ин санад "ҳамкорӣ, ҳамоҳангсозӣ ва дақиқ кардани муштараки ҳадафҳоро доро нест", - изҳор дошт дар нишасти хабарӣ сухагӯи департаменти давлатӣ Ҷон Кирбӣ.

Дар посух ба саволҳои марбут ба имзои ёддошти рӯзи сешанбе вай зикр кард, ки ягона ҳадафи ин ҳуҷҷат ;- таъмини амнияти халабонҳои эътилоф аст, ки дар амалиёти ҳавоӣ бар зидди гурӯҳи ифротии ДИИШ ширкат мекунанд.

Иёлоти Муттаҳида ин санадро ба унвони қадаме ба сӯйи ҳалли сиёсии қазияи Сурия баррасӣ намекунанд. Вашингтон ҳамчунон бар ин аст, ки ҳадафи амлиёти Русия дар Сурия тақвияти режими Башор Асад аст, ки дар ниҳоят ба бӯҳрони амиқи ин даргирӣ ва бештар шудани ифротгароӣ дар минтақа сабаб мешавад.

XS
SM
MD
LG