Ссылки доступа

Кутушев: Парлумон бояд аз афроди ғайри ҳирфаӣ холӣ гардад ва касбӣ шавад


"Парлумони Қирғизистон бояд касбӣ шавад ва аз афроди ғайри ҳирфаӣ холӣ гардад", - изҳор дошт вакили парлумон Абдиманап Кутушев зимни як мизи гирди марбут ба интихоботи ахири Қирғизистон.

Ба гуфтаи вай, ҳоло бисёриҳо даъво доранд, ки парлумони Қирғизистон бояд аз ду палата иборат бошад.

"Мо ин таҷрибаро аз сар гузаронидем. Акнун ки мо соҳиби низоми муносиб шудем, мебояд онро равнақ бидиҳем, на ин ки ба ақиб баргардем. Таърих далолат мекунад, ки барои мо беҳтарин навъи парлумон - парлумони якпалатаӣ аст.Мавзуи дигар ин аст, ки парлумон бояд касбӣ бошад, афроди ғайри касбӣ ба парлумон роҳ наёбанд. Ман бар ин назарам, ки раиси парлумон шахсе интихоб шавад, ки 5 маротиба вакил буд, раиси кумита бояд касе баргузида шавад, ки 3 дафъа вакил интихоб шудааст", - гуфт Кутушев.

Ба суоли ин ки оё интихоби президент тариқи парлумон қобили қабул аст, Кутушев посухи рад дод.

"Интихоби сардори давлат набояд вобастаи 120 вакил бошад. Дар ин сурат хатари ба фасодкорӣ даст задани вакилон ба миён меояд. Беҳтар аст, ки президентро мардум интихоб кунад", - афзуд Кутушев.

XS
SM
MD
LG