Ссылки доступа

Латвия марзашро бо Русия девор мегирад


Латвия мехоҳад дар марзи 270 километрӣ бо Русия девор бисозад, то аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ пешгирӣ шавад. Ба гуфтаи намояндаи вазорати корҳои дохилии ин кишвар, дарозии умумии ин девор 90 километр мешавад ва он бо таҷҳизоти муосири огоҳкунанда муҷаҳҳаз хоҳад шуд.

Ин иқдом ҷузъе аз тарҳи 20 миллиард долларие хоҳад буд, ки барои чаҳор сол пешбинӣ шуда, мушаххассози дақиқи марзи миёни Русия ва Латвияро ҳадаф дорад. Дар соли ҷорӣ ба қаламрави Латвия аз Русия қариб 300 муҳоҷир омадаанд. Бештаре аз онҳо шаҳрвандони Ветнам ва ҳамчунин Ироқу Сурия мебошанд. Ин тарҳ аз муддатҳо қабл таҳия шуда буд, аммо ба гуфтаи намояндаи вазоратти корҳои дохилии Латвия, дар пасманзари бӯҳрони идомадоштаи муҳоҷирон дар Аврупо аҳамияти бештар пайдо кардааст.

XS
SM
MD
LG