Ссылки доступа

Дар Петербург ба ёди навзоди фавтидаи муҳоҷир пикет барпо карданд (Видео)


Фаъолон ба ҳамдигар навиштаҷотеро бо нақли ҳодисаи фавти Умаралӣ Назарови 5-моҳаро медоданд, ки 13 октябр ҳамроҳи волидайни худ – Далер Назаров ва Зарина Юнусова, ки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, барои вайрон кардани қоидаҳои муҳоҷират боздошт шуда буд. Кӯдакро аз модараш ҷудо сохтанд ва шаби 14 октябр вай дар Маркази эҳёи тиббиву иҷтимоии кӯдакони бесарпаноҳмондаи ба номи В.В.Тсимбалин фавтид. Навиштаҷот бо ҷумлаи «Сиёсати муҳоҷиратӣ ва фашизми оддӣ?» анҷом ёфтааст.

Ширкаткунандагони ин иқдом таҳқиқоти одилонаи сабабҳои аз модар ҷудо сохтани кӯдак ва фавти минбаъдаи ӯро талаб карданд. Онҳо маъмурони пулис, сиёсати муҳоҷиратӣ ва муносибати бад нисбати инсонро дар Русия сабаби фавти кӯдак медонанд.

XS
SM
MD
LG