Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон як ҷавон дар натиҷаи "облава" дар беморхона бистарӣ шуд


Наздикони Акмал Шамсов, сокини ноҳияи Бохтар мегӯянд, кормандони комисариати ҳарбии ноҳия фарзанди онҳоро ба таври маҷбурӣ ва бо лату кӯб ба комисариати ҳарбӣ бурдаанд.

Дар натиҷаи ин рафтори кормандони комисариат фарзанди 27-солаашон ба шуъбаи ҷарроҳии майнаи сар дар беморхонаи Қараболои шаҳри Қурғонтеппа бистарӣ шудааст.

Аммо дар комисариати ҳарбӣ мегӯянд, ҳангоми даъвати Акмал Шамсов намояндагони комисариат ҳузур надоштанд, балки намояндагони мақомоти маҳаллӣ Акмалро ба комисариат овардаанд. Саидаҳмад Шамсов, амаки Акмал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, 21 октябр тақрибан соати 3-и рӯз кормандони комисариати ҳарбӣ Акмалро дар назди мактаби №38 лату кӯб карданд. Акмал бемории модарзодии равонӣ дорад ва барои хизмати ҳарбӣ номувофиқ эътироф шудааст. "Вақте ки намояндагони комисариат ӯро лату кӯб мекарданд, чанд маротиба ба сараш низ зарба заданд".

Мақомоти милиса ҳоло шоҳидонро бозпурсӣ мекунад. Абдулло Зикруллоев, корманди шуъбаи ҷарроҳии майнаи сар гуфт, дар воқеъ Акмал Шамсов ба сараш зарба хӯрдааст, ки дар натиҷа дар мағзи сараш хунрезӣ ба вуҷуд омадааст.

Аҳмад Ашӯралиев, комисари ҳарбии ноҳияи Бохтар эътироф кард, ки зимни даъвати Акмал хушунате ба вуҷуд омадааст. Ба гуфтаи Ашӯралиев, ҳангоми расонидани даъватномаи ҳарбӣ наздикони Акмал ба намояндагони ҷамоат ҳамла кардаанд. Дар ин ҳамла намояндагони ҷамоат ҳам лат хӯрдаанд. Ашӯралиев мегӯяд, парванда аз сӯи шуъбаи корҳои дохилии ноҳия тафтиш мешавад.

Як ҳафта пеш вазорати дифои Тоҷикистон хабар дод, ки дар доираи даъвати тирамоҳӣ ду шикоят дар мавриди "облава" ба вазорат расидааст. Мақомот хабар медиҳанд, ки дар ҳоли ҳозир 70 дарсади нақшаи даъват иҷро шудааст.

XS
SM
MD
LG