Бо қарори додгоҳ ҳамчунин иҷозатномаи маҷалла бекор шудааст.
Нашри маҷаллаи ADAM аз тобистони имсол мутаваққиф шудааст - дар охири моҳи август додгоҳи байниноҳиявии Алмато дар бораи ба муддати се моҳ аз нашр боздоштани маҷалла қарор бароварда буд. Додгоҳ он замон маҷалларо муваззаф карда буд, ки дар ҳаҷми 100 нишондиҳандаи моҳона (бештар аз 730 доллар) ҷарима супорад. Бино бар гуфтаи раёсати сиёсати дохилӣ, маҷаллаи ADAM "қонун дар бораи ВАО"-ро риоя накардааст. Идораи маҷалла ҳангоми бақайдгирӣ гуфта буд, ки маҷалла бо ду забон - русӣ ва қазоқӣ нашр хоҳад шуд. Аммо амалан маҷалла танҳо бо забони русӣ интишор шудааст.