Ссылки доступа

Токаев: бӯҳрони Украина метавонад “дарозмуддат” шавад


Раиси сенат ё маҷлиси болоии порлумони Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев изҳори нигаронӣ кард, ки даргирӣ дар шарқи Украина метавонад ба бӯҳронҳои “дарозмуддат” ва барои муддате хомӯшшуда табдил ёбад, менависанд хабаргузориҳо.

Зимни суханронӣ дар ҳамоиши “Дастовардҳо ва хатароти САҲА дар остонаи паймони ниҳоии Хелсинки (1975) ва Ҳамоиш дар Остона (2010)” Токаев гуфт, ки бӯҳрони Украина фарқи бархӯрдҳо ба низоми амниятиро ошкор сохт.

Ба гуфтаи “узви гурӯҳи хирадмандони САҲА” Касим-Жомарт Токаев дар қаламрави пасошӯравӣ даргириҳое ҳастанд, ки нахуст “хомӯшшуда” буданду сипас ба дарозмуддат табдил шудаанд. Ба эътиқоди Токаев, хатҳои ҷудоӣ дар Украина қабл аз бӯҳрони ин кишвар пайдо шуда буданд. Раиси сенати Қазоқистон гуфт, ки хатарҳое вуҷуд доранд, ки даргирии Украина ба гурӯҳи “низоъҳои дарозмуддат” гузарад.

Дар даргириҳои миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷудоихоҳони русгаро дар шарқи Украина аз моҳи апрели соли 2014 то ҳол беш аз ҳашт ҳазор нафар кушта шудаанд. Ғарб Русияро дар расонидани кӯмаки низомӣ ба ҷудоихоҳон айбдор мекунад. Ҷудоихоҳон ҳукумати Киевро эътироф намекунанд. Москва дастгирияш аз ҷудоихоҳонро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG