Дар гузориш гуфта мешавад, ки ҳарчанд бархе аз кишварҳои минтақа аз кӯмакҳои будҷаӣ барои рушди иқтисод истифода кардаанду пойин рафтани қурби арзи худро иҷоза доданд, онҳо бояд ислоҳоти сохториро таҳким диҳанд.
Ба гуфтаи муовини мудири бахши кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии СБП Юхи Кяхконен наҳваи дарозмуддатии бӯҳрон ба ин маънист, ки кишварҳоро зарур аст “дар сиёсати иқтисодӣ ислоҳоти амиқтару дарозмуддаттаре анҷом диҳанд”.
СБП пешбинӣ мекунад, ки мизони рушди иқтисоди Қазоқистон дар соли 2015 1,5 дарсад ва дар соли 2016 – 2,4 дарсад хоҳад буд.