Ссылки доступа

Марде бо шамшер ду нафарро дар мактабе дар Шветсия кушт


Ба гуфтаи намояндагони мақомот марди ниқобпӯш муаллим ва мактабхонро кушта, сипас боз ду нафарро дар яке аз мактабҳои Шветсия захмӣ кард ва дар ниҳоят худаш аз сӯйи маъмурони пулис кушта шудааст. Ин ҳамла субҳи 22 октябр дар Троллхеттан дар наздикии Гетеборг, дуввумин шаҳри бузурги кишвар рух додааст.

Дар расонаҳои маҳалӣ аксе мунташир шуд, ки дар он ба гуфтаи хабарнигорон ҳамлагар бо либоси тирамоҳӣ, ниқобпӯшу дар даст ханҷар чанд муддат пеш аз ҳамла бо мактаббачаҳо акс гирифтааст. “Мо фикр кардем, ки ин дар остонаи Ҳеллоуин шӯхӣ аст”, - гуфт яке аз шоҳидон ба шабакаи телевизионии TV4. Ба навиштаи расонаҳо навиштаҳои марди ҳамлагар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баёнгари назароти тундаш будаанд.

XS
SM
MD
LG