Ссылки доступа

Светлана Алексиевич ба танқидҳои президенти Белорус посух гуфт


Нависандаи белорус Светлана Алексиевич, барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёти соли 2015, зимни гуфтугӯ бо родиои "Говорит Москва", изҳор дошт, ки вай ҳаргиз мардуми белоруссро танқид накардааст, балки иқдомҳои сиёсии президенти кишвар Александр Лукашенкоро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.

Рӯзи якшанбе раҳбари Белорус "шахсиятҳои эҷодкор" ва барандагони ҷоизаи Нобелро барои танқиди Ватан маҳкум карда, онҳоро "фарзандони нохалафи" кишвар номид. Светлана Алексиевич, ҳангоми посух додан ба изҳороти президент, гуфт, "ҳоло барои президент вақти ин ҳарфҳо нест". Ба андешаи нависанда, мардуми белорус "интизори ислоҳот" аст, вале президент бошад танҳо дар фикри ҳифзи курсии худ мебошад.

Нависанда Светлана Алексиевич 8 октябри имсол юарандаи ҷоизаи Нобел эълон шуд. Дар Кумитаи Нобел эҷодиёти ӯро "ёдгории дарду ранҷ ва мардонагӣ дар даврони мо" унвон карданд. Александр Лукашенко нависандаро бо дарёфти ҷоиза табрик карда буд.

Рӯзи якшанбе Алексиевич гуфт, гумон мекунад, ки табрики президент танҳо бо интихоботи президентии 11 октябр рабт дошт. Лукашенкоро мебоист дар назди мардум ва комисияҳои байналмилалӣ "худро ҳифз кунад" ва ҳоло, ки интихобот гузаштааст, "вай озод аст", - изҳор дошт нависанда.

XS
SM
MD
LG