Ссылки доступа

Як шаҳрванди Қазоқистон дар боздоштгоҳи Москва фавтидаст


Нуралӣ Тошкентбоев, шаҳрванди Қазоқистон, ки барои қаллобӣ маҳкум шуда буд, дар боздоштгоҳи №4-и шаҳри Москва худкушӣ кардааст, иттилоъ медиҳад хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манбаи худ дар мақомоти қудратӣ.

"Субҳи рӯзи якшанбе дар ҳоҷатхонаи яке аз утоқҳои боздоштгоҳи 4 ҷисми беҷони Тошкентбоеви 53-сола ёфт шуд. Бино бар натиҷаҳои қаблӣ, вай худкушӣ кардааст", - зикр кард манбаи хабаргузорӣ.

Тошкентбоев чанде пеш бо гуноҳи қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон ба се соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд. Ин парванда бо парвандаи собиқ раиси Хадамоти сарҳадбонии Қазоқистон Нурлан Ҷуламанов, ки ҳоло дар Қазоқистон зиндонӣ аст, рабт дорад.

Бино бар иттилои тафтишот, аз моҳи октябр то моҳи декабри соли 2014, Тошкентбоев аз боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудани раиси Хадамоти сарҳадбонии Қазоқистон огоҳ гардида, бо роҳҳои фиреб ва ваъдаи озод кардани мудир мехост аз хешовандони вай пул ситонад. Ташкентбоев боздошт ва дар додгоҳ ӯро гунаҳкор ҳисобид.

Намояндаи шӯъбаи москвагии Кумитаи тафтишотии Русия Юлия Иванова мегӯяд, оиди далели марги Тошкентбоев тафтиши муқаддамотӣ оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG