Ссылки доступа

КМИ аз ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ дар мавриди ҳизби “Бутун Киргизстан Эмгек” шикоят мебарад


Кумиссиюни марказии интихоботӣ аз тасмими додгоҳи ноҳияи Первомайск дар мавриди ҳизби «Бутун Киргизстан Эмгек» шикоят мебарад. Дар ин бора ба «Азаттик» узви Кумиссиюни марказии интихоботӣ Рашид Бекбасаров хабар дод.

«20 октябр мо аз баррасии шикояти ин ҳизб ба далели гузаштани мӯҳлат ва қоидаи додани чунин ариза худдорӣ кардем. Додгоҳ бошад қарор баровард, ки ин тасмим бозбинӣ шавад. Мо аз ин тасмим ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарем»,- зикр кард Бекбасаров.

24 октябр додгоҳи ноҳияи Первомайск шикояти ҳизби «Бутун Киргизстан Эмгек»-ро қонеъ сохт ва КМИ вазифадор кард, ки ҳамаи баргаҳои овоздиҳиро дубора бишумурад.

Ҳизб талаб карда буд, ки баргаҳои интихоботӣ дар беш аз 100 маркази интихоботӣ дубора шумурида шаванд. Аз ҷумла талаб шудааст, ки чунин кор дар марказҳои интихоботӣ дар шаҳрҳои Ӯш, Узген, Бишкек ва ноҳияҳои Ноокат, Бозор-Қурғон, Ҷайил ва Панфилов анҷом дода шавад.

То ин замон КМИ баргаҳои овоздиҳӣ дар 10 маркази овоздиҳиро дубора шумурид ва изҳор дошт, ки гумонҳои ҳизб тасдиқ нашуданд.

XS
SM
MD
LG