Аз ҷумла, сокинони шаҳрҳои Фарғона, Ҷиззах, Самарқанд, Урганҷ шикоят мекунанд, ки аз ҳафтаи ҷорӣ дар хонаҳои онҳо газ нест.
Намояндагони ширкати «Узтрансгаз» ба мардуме, ки барои набудани газ бо шикоят меоянд, гуфтаанд, ки чунин ҳолат ба далели оғози фасли сармо ва афзоиши масрафи газ рух додааст.
Дар Ӯзбекистон ҳамасола 70 миллиард метри мукааб гази табиӣ истихроҷ мешавад. Ба иттилои намояндагони ширкати «Узстрансгаз» 24% ин миқдор гази истихроҷшуда барои ниёзҳои мардум истифода мешавад ва 20% ба хориҷи кишвар содирот шуда, миқдори боқимонда барои ниёзҳои саноатии кишвар масраф мешавад.
Дар солҳои минбаъда ҳукумати Ӯзбекистон мехоҳад, содироти газ барои афзоиши воридоти асъор ба кишварро афзоиш диҳад.