Тавре бахши қирғизии радиои "Озодӣ" хабар медиҳад, бо ин талаб дар назди боздоштгоҳи №1 дар Бишкек наздик ба 50 нафар гирдиҳам омаданд.
Рӯзи 12 октябр 9 маҳбуси боздоштгоҳи вилояти Чуйи он кишвар фирор карданд. Ҳангоми таъқиби фирориён 4 зиндонбон кушта шуданд. Пулис 5 фирориро боздошт кард, 4 нафари дигар тавонистанд, ки панаҳ баранд. Рӯзҳои 16 ва 20 октябр се фирорӣ кушта шуд. 22 октбяр яке дигар аз фирориён Эдил Абдураҳмонов боздошт шуд.
Ба ин тартиб, 3 маҳбуси фирорӣ (Азамат Мусуралиев, Дониёр Қодиралиев ва Алтинбек Итибаев) кушта ва як нафар (Эдил Абдураҳмонов) боздошт шуд.
Ба ҷуз ин, 20 ва 21 октбяр аз миёни 5 маҳбуси фирорӣ, ки дар рӯзи нахусти фирор боздошт шуданд, 3 нафар дар шӯъбаи тафтишот фавтиданд. Бино бар тафтиши пешакӣ, марги онҳо дар пайи бемории қалб ва мушкили нафаскашӣ фаро расидааст.