Бектибоеви 20-сола 24 октябр дар майдони марказии шаҳри Тироз худсӯзӣ кард. Дар пайи ҷароҳатҳои бардоштааш вай дар беморхона фавтид.
Дар наворҳои видеоии қабл аз худсӯзӣ Бектибоев изҳор медорад, ки корманди фаврии вазорати дохилии он кишвар ӯро боздошт ва дар мавриди қатли нафаре бозпурсӣ кардааст. Дар идомаи навор вай нақл мекунад, ки 4 июни имсол бо қарори додгоҳи ноҳияи Алмалии шаҳри Алмато аз боздошт раҳо гардид. Додгоҳ ӯро қаблан барои 3 солу ҳашт моҳ аз озодӣ маҳрум карда буд.
Дар навори дигар, ки ба эҳтимоли зиёд дар назди бинои ҳизби "Нур Отан" сабт шудааст, дида мешавад, ки ҷавони оташгирифта рӯи фарш хобида аст ва чанд нафар талош доранд оташро хомӯш кунанд ва ёрии таъҷилиро занг зананд.