Ссылки доступа

Корхонаҳои ҳарбии Русия ба хотири амалиёти Сурия дар се баст кор мекунанд


Дар корхонаи русии "Мушаки тактикӣ" ба хотири афзоиши талабот ба силоҳ истеҳсолот дар се баст ба роҳ монда шудааст. Ин талабот дар пайи амалиёти ҳарбӣ дар Сурия ба вуҷуд омадааст. Дар ин бора маҷаллаи «Комерсантъ-Власт» бо такя ба манобеи худ дар мақомоти қудратӣ хабар медиҳад.

Ҳамчунин ин манбаъ гуфтааст, ки Нерӯҳои баҳрии Русия ба хотири интиқоли бор ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар бандари Тартус ба таври фаврӣ аз Туркия ҳашт киштии борбар харидааст. Киштиҳои нав аллакай ба рӯйхати киштиҳои ёрирасон шомил шудаанд ва мақоми ҳарбиро соҳиб гардидаанд.

Маҷалла ҳамчунин менависад, ки ҳоло дар Сурия хизматчиёни ҳарбии дастаи 810-уми алоҳидаи нерӯҳои дарёии Севастополи Русия ҳузур доранд. Вазифаи аввалиндараҷаи ин нерӯҳо, ба гуфати манбаъ, "пеш аз ҳама аз муҳофизаи биноҳо" иборат аст, на иштирок дар амалиёти низомӣ.

Сар аз 30 сентябр Русия дар Сурия амалиёти ҳарбӣ мегузаронад. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, давоми ин рӯзҳо ҳавопаймоҳои русӣ ба беш аз 800 нуқта зарба задаанд.

Москва борҳо изҳор дошт, ки зарбаҳои ҳавоияш алайҳи гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" равона шудааст. Гуруҳи мухолифини Сурия ва ҳукуматҳои ғарбӣ бар ин боваранд, ки Русия алайҳи мухолифини ҳукумати Башор Асад меҷангад ва ба гурӯҳи мухолифини силоҳбадасти "Давлати исломӣ" ҳеҷ иртиботе надоранд.

XS
SM
MD
LG