Ссылки доступа

Таъсиси маркази таблиғотии зидди ифротгароӣ дар Тоҷикистон


Дар факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи муштараки славянии Тоҷикистону Русия Маркази илмиву таҳқиқотии пешгирӣ аз ифротгароӣ ва терроризм боз шуд.

Ин нахустин маркази Тоҷикистон аст, ки дар он ҷо фаъолияти иттилоотиву пешгиркунанда дар миёни ҷавонон бо мақсади пешгирӣ аз пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ анҷом дода мешаванд.

"Ҳоло дар тамоми ҷаҳон таблиғ ва ҷалби ҷавонон ба созмонҳои мухталифи ифротгаро ва террористӣ анҷом меёбаду ба ин тартиб арзишҳои маънавӣ нобуд карда мешаванд. Мақсади ин марказ аз эҳёи ин арзишҳо аз роҳи таҳияи адабиёти махсус ва китобҳои дарсӣ, пажӯҳишҳо, мақолаҳои илмӣ, баргузории нишастҳои хабарӣ, ҳамоишҳо бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои интизомии кишвар иборат аст", - хабар дод раҳбари марказ ва мудири бахши ҳуқуқи ҷиноии ин донишгоҳ Валиҷон Абдуҳамидов.

Ба гуфтаи вай фаолияти ин марказ аз сӯйи вазорати маориф ва илми Русия дар чаҳорчӯби Барномаи рушди донишгоҳҳои славянӣ сармоягузорӣ мешавад.

Вай зикр кард, ки дар Тоҷикистон бино бар қонунҳои мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм барои чунин ҷиноятҳо ҷазо пешбинӣ шудааст.

Пештар мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки то ҳол беш аз 650 шаҳрванди ин кишвар дар даргириҳои Сурия ва Ироқ дар сафи гурӯҳҳои террористӣ меҷанганд.

Додситонии кулл ва ВКД Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буданд, ки агар шаҳрвандони кишвар, ки гурӯҳҳои террористиро тарк карда, ба кишвар баргарданду дар фаъолияти онҳо ҷинояте ошкор нашуда бошад, аз ҷазо озод мешаванд.

XS
SM
MD
LG