Ссылки доступа

Қариб 47 дарсад дар интихоботи Украина ширкат кардаанд


Ҳузури интихобкунандагон дар интихоботи маҳалии рӯзи якшанбе дар Украина қариб 47 дарсад шудааст. Дар Мариупол ва Красноармейск ба далели вайрон кардани муқаррароти қонун интихобот баргузорнашуда эълом гардид.

Тибқи оморе, ки дар сомонаи кумиссиюни марказии интихоботи кишвар мунташир шуд, миқдори бештари ҳузури интихобкунандагон дар вилояти Тернопол - 56% ва аз ҳама камтар дар вилояти Донетск - 32% мушоҳида шудааст.

Интихоботи маҳалии Украина 25 октябр дар ҳама манотиқи кишвар ба ҷуз аз қаламрави Қрим, ки аз сӯйи Русия ғасб шудааст ва дар манотиқи мувақаттан забтшудаи вилоятҳои Донетск ва Луганск, баргузор шуданд. Сокинони кишвар раҳбарони марказҳои вилоятӣ ва ҳамчунин вакилони маҷлисҳои вилоятиву шаҳриро интихоб карданд.

Шабакаи шаҳрвандии "Опора" дар рӯзи овоздиҳӣ қариб як ҳазор мавриди вайрон кардани муқаррароти қонуни интихобтиро сабт кард. Дар миёни онҳо талош барои харидани интихобкунандагон, партофтани баргаҳои овоздиҳӣ, интиқоли овоздиҳандаҳо ба марказҳои раъйгирӣ. Дар вилояти Закарпате милитсия дар мавриди харидани овози интихобкунандаҳо се парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, хабар медиҳад "112 Украина".

Ба иттилои "Опора" дар деҳаи Потиевкаи ноҳияи Белосерковски вилояти Киев ҳамаи бошандагони қишлоқ бе шиноснома овоз додаанд, хабар медиҳад "Украинская правда". Фаолони шаҳрвандӣ ёдовар мешаванд, ки тибқи қонуни Украина "Дар бораи интихоботи маҳалӣ" барои додани баргаи овоздиҳӣ бе ҳуҷҷати шаҳрвандӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG