Ссылки доступа

ВКХ: Арманистон 17 ҳазор гурезаи суриягиро қабул кардааст


Раҳбари ВКХ Арманистон Эдвард Налбандян изҳор дошт, ки ин кишвар дар соли ҷорӣ 17 ҳазор гурезагон аз Сурияро пазируфтааст.

Вай ба ҳангоми суханронӣ дар севвумин ҳамоиши Байналмилалии хатмкунандагони Донишкадаи равобити байналмиллалии Москва зикр кард, ки "арманиҳо тақрибан дар ҳамаи кишварҳои Ховари Миёна зиндагӣ мекунанд ва ҷузъи ҷудонашавандаи халқиятҳои мухталифу гуногунмазҳаби ин минтақа мебошанду мисли ҳамаи сокинони он душвориҳои вазъияти ташаннуҷшавандаро паси сар мекунанд".

Набалдян омреро пешниҳод кард, ки тибқи он то замони оғози даргириҳо дар қаламрави Сурия - дар Ҳалаб, Димишқ, Латакиё ва Ал-Қамишли қариб 110 ҳазор арманиҳо зиндагӣ мекарданд, аммо ба далели ҷангҳо 90 ҳазори онҳо маҷбур шуданд хонаҳои худ ва кишварро тарк кунанд.

Дар поёни шарҳи ин мавзӯъ вазири корҳои хориҷӣ гуфт, ки "вазъи гурӯҳҳои арманитабор, ақаллиятҳои миллӣ дар Ховари Миёна мояи нигаронии ҳамешагии мост", хабар медиҳад РИА Новости.

XS
SM
MD
LG