Ссылки доступа

Русия: мо бо шӯришиёни Сурия робита дорем


Ба гуфтаи муовини вазири корҳои дохилаи Русия Михаил Богданов, Москва бо мухолифини режими Сурия, ки аз ҷониби Ғарб пуштибонӣ мешаванд, робита дорад. "Нафаре меояд, нафаре меравад. Ҳамаи онҳо мегӯянд, ки Артиши озоди Сурияро намояндагӣ мекунанд", - зикр кардааст муовини вазир. Вай ҳамчунин тазаккур додааст, ки ин рақибони президент Башор Асад дар Москва низ будаанд.

Қаблан сухангӯи Фронти ҷанубии Артиши озоди Сурия Исо ал-Риёз изҳор дошта буд, то даме, ки нерӯҳои ҳавоии Русия ҳамсафони онҳоро мушакборон мекунанд, онҳо ҳич пешниҳоди кӯмак аз сӯи Кремлро нахоҳанд пазируфт. Ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки ҳарбиёни Русия омодаанд ба мухолифини Сурия барои мубориза бо "Давлати исломӣ" бо зарбаҳои ҳавоӣ кумак расонанд.

Русия амалиёти ҳавоии худро дар Сурия 30 сентябр шурӯъ кард. Он замон гуфта буд, ки ҳадафаш террористҳо ҳастанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ мегӯяд, зарбаҳои Русия бештар ба мухолифини режими Асад зада мешавад, ки ин ҳолат ба "Давлати исломӣ" нерӯ бахшидааст.

XS
SM
MD
LG