Дар Тоҷикистон шиддати заминларза то ба 5-6 дараҷаи ҷадвали Рихтер расид. То ҳол аз харобкориҳои ин заминларза дар Тоҷикистон хабар нарасидааст.
Дар Қирғизистон 26 октябр соати 15.09 дақиқа бо вақти маҳаллӣ заминларза эҳсос шудааст. Нерӯи ин заминларза дар шаҳри Ӯш 4 дараҷа, дар Бишкеку Норин 3 дараҷаро ташкил додааст.
Дар Покистон дар пайи заминларза дастикам 50 кас кушта шуданд, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Ҳамчунин аз марги 17 сокини Афғонистон хабар расид, ки 12 нафари онҳо хонандагони мактаб ҳастанд. Ин хонандагон дар пайи издиҳом, ки замони заминларза дар як мактаби шаҳри Толиқон ба вуҷуд омад, зери по монда, ба ҳалокат расиданд.