Ссылки доступа

Писари калонии Кабирӣ дар сармоягузории шӯришиён муттаҳам шуд


Мақомот мегӯянд, Руҳулло Тиллозода, писари калонии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо дастури падараш 1,2 миллион долларро ба генерали исёнгар Абдуҳалим Назарзода додааст.

Ин пул, ба гуфтаи мақомот, барои ташкили ҳамлаи мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон ба бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат равона шудааст.

Дар як барномаи телевизионӣ, ки тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон шоми 26 октябр нашр шуд, Ҷамшед Нарзуллоев, Маҳмадалӣ Раҳматуллоев ва Ҳикматулло Сайфов ҷараёни расонидани 1,2 миллион долларро ба Ҳоҷӣ Ҳалим нақл карданд. Ду нафари аввал ҳамчун хешонвандон ва як нафари охир ронандаи шахсии Муҳиддин Кабирӣ муаррифӣ шуданд. Ронанда нақл кард, ки Руҳуллоҳро ба хонаи Назарзода бурдааст ва Руҳулло пулҳоро ба Назарзода расонидааст.

Дар интиҳои барнома, мақомот изҳор доштанд, ки ҳодисаи субҳи 4 сентябри имсол иқдоми барномарезишудаи ҲНИТ ба хотири ноором сохтани вазъияти Тоҷикистон буд.

Сар аз 16 октябр ҳадди ақал 23 узви ҳайати роҳбарикунандаи ҲНИТ боздошт шудаанд. Худи Муҳиддин Кабарӣ, ки баъд аз интихоботи порлумонӣ дар моҳи марти имсол кишварро тарк кард, ҳамаи иттиҳомот алайҳи худ ва аъзои ҳизбро рад мекунад. Кабирӣ мегӯяд, ин иттиҳомот ба хотири бастани ҳизби онҳо андешида шудаанд.

XS
SM
MD
LG