Ба гуфтаи вай Ҷопон минбаъд низ аз ислоҳот дар Қазоқистон, чӣ дар бахши давлатӣ бошад ва чӣ дар бахши хусусӣ, пуштибонӣ мекунад. Абэ ҳамчунин зикр кард, ки дар музокирот бо Назарбоев тавофуқ шудааст, ки ду кишвар дар оянда низ дар заминаи омӯзиши мутахассисони бахши саноат ҳамкорӣ мекунанд.
- Мо тавонистем бо раиси ҷумҳур Назрбоев баёнияи муштарак дар бораи манъи ҳама гуна озмоишҳои ҳастаиро имзо кунем. Ин барои Ҷопон ба унвони танҳо кишвари дар ҷараёни ҷанг мавриди бомборони атомӣ қарор гирифта хеле муҳим аст, - гуфт Синдзо Абэ.
Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар анҷоми ин музокирот гуфт, ки аз ширкатҳои бузурги ҷопонӣ сармоягузорӣ ба иқтисоди кишварашро интизор аст.
Дар чаҳорчӯби сафари Абэ ба Остона имрӯз интизор меравад ҳамоиши тоҷирони ду кишвар баргузор шавад. Ҳамчунин дар назар аст, ки нахуствазири Ҷопон дар Донишгоҳи Назарбоев суханронӣ кунад.