"Марзбонон на дар ивази аслиҳа ва ё пул, балки бо мусоидати шахсии Эмомалӣ Раҳмон озод шудаанд", - гуфт имрӯз як манбаъ ба Радиои Озодӣ дар маркази матбуотии Раёсати марзбонии КДАМ Тоҷикистон.
Пойгоҳи The Daily Beast бо истинод ба як намояндаи ҷунбиши "Толибон" хабар дод, ки чаҳор марзбони Тоҷикистон тобистони соли ҷорӣ бар ивази аслиҳа озод карда шудаанд. Гуфта мешавад чунин тавофуқ дар пайи музокироти додари хурдии раҳбари собиқи толибон Тоҳир Шамолзай дар Душанбе ҳосил шуда, ҷангиён миқдори зиёди аслиҳаро соҳиб шудаанд.
Муовини яке аз фармондеҳони ҷунбиши "Толибон" Қори Умар дар сӯҳбат бо The Daily Beast хабар додааст, ки ин аслиҳа "дар ҷангҳо дар Қундуз нақши калидӣ доштанд".
16 июн мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки чаҳор сарбози нерӯҳои марзбонии кишвар, ки аз сӯйи ҷангиёни ҷунбиши "Толибон" асир гирифта шуда буданд, озод ва 11 июни соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргаштанд.