Ба гуфтаи Эргашеви 20-сола, 19-уми октябр ӯ ба идораи минтақавии шабакаҳои барқи Андиҷон аз маҳдудияти шадиди нерӯи барқ шикоят бурдааст. Дар ҷавоб кормандони пулис ӯро боздошт карда, давоми 5 шабонарӯз бе ғизо ва оби ошомиданӣ нигаҳ медоранд.
Ҳоло кормандони шабакаҳои барқ даъвои Эргашев дар ин хусусро рад мекунанд.
То кунун ба хабарнигори бахши ӯзбекии родиёи «Озодӣ» муяссар нашуд, ки шарҳи раёсати корҳои дохилии Андиҷонро пайдо кунад.
Бино бар навиштаи расонаҳо, тӯли солҳои охир сокинони деҳаҳои Ӯзбекистон маҳдудияти нерӯи барқро шадидан эҳсос мекунанд. Дар деҳоти дурдасти он кишвар дар шабонарӯз ҳамагӣ 2-3 соат барқ дода мешавад.