Ссылки доступа

САҲА баста шудани расонаи мустақили Қазоқистонро маҳкум кард


Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба расонаҳо Дуня Миятович баста шудани яке аз расонаҳои мустақил дар Қазоқистонро, ки бо матолиби танқидии худ алайҳи ҳукумат шӯҳрат дошт, маҳкум кард.

22 октябр додгоҳи Алмато иҷозатномаи маҷаллаи «Адам»-ро бекор кард ва дар мавриди пок кардани саҳифаи ин маҷалла аз Facebook ҳукм баровард. Додгоҳ мегӯяд, маҷалла қонун дар бораи забонро вайрон кардааст.

Дар изҳороти Миятович омадааст, ки: «таҷрибаи номақбули монеъ шудан ба озодии баён ва матбуот дар Қазоқистон бояд бидуни таъхир қатъ гардад». Вай бо ишора ба мавориди зиёди манъи нашрияҳои Қазоқистон ва саҳифаҳои онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар солҳои охир, ҳукумати он кишварро даъват кардааст, ки «қонунгузории худро бозбинӣ кунанд, то ки меъёрҳои қонун монеи кори расонаҳо нагардад».

XS
SM
MD
LG