Ссылки доступа

ИМА омодааст дар Ироқ ва Сурия ба зидди “ДИ” амалиёти заминӣ оғоз кунанд


ИМА омодагии худро барои оғози амалиёти низомии заминӣ бар зидди гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» дар Ироқ ва Сурия эълом кард.

Раҳбари Пентагон Эштон Картер рӯзи сешанбе зимни суханронӣ дар назди комиссияи Сенат дар умури нерӯҳои мусаллаҳ изҳор дошт, ки Вашингтон аз кӯмакҳо ба шариконаш дар мубориза бо «ДИ» даст намекашад ва омода аст зарбаҳои ҳавоии бештар занад ва мустақиман дар амалиёти низомии заминӣ низ ширкат кунад. Навори видеоии ин нуқтаи суханронии Картер дар сомонаи шабакаи телевизионии амрикоии NBC ҷой дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯйи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Русия суханони Картерро пешгоми амалиёти заминӣ дар Сурия арзёбӣ намекунад.

XS
SM
MD
LG