Ссылки доступа

Русия ҳалокати як сарбозашро дар Сурия тасдиқ кард


Вазорати мудофиаи Русия фавтидани як низомии рус дар Сурияро тайид мекунад. Хабаргузории «Интерфакс» бо истинод ба хабари маркази матбуотии вазорти мудофиаи Русия менависад, ки «низомии қарордодӣ, ки дар пойгоҳи ҳавоии Хмеймим хидмат мекард, худкушӣ кард».

Дар вазорати мудофиаи Русия бо истинод ба мукотибаи ин низомӣ бо дӯстдухтараш изҳор доштанд, ки сабаби худкушии ин низомӣ эҳтимолан ба равобиташ бо дӯстдухтараш рабт дорад.

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки ба оилаи Вадим Костенко, низомии қарордодии 19 сола аз кишвари Краснодари Русия дар бораи фавтиданаш хабар додаанд, вале чӣ гуна мурдани ӯро нагуфтаанд.

Пештар дар Кремл изҳор дошта буданд, ки дар бораи теъдоди низомиёни фавтида ва ё кушташудаи рус дар Сурия иттилоъ надоранд.

Русия дар Сурия аз 30 сентябр амалиёти низомӣ анҷом дода, изҳор медорад, ки ҳадафи аслии зарбаҳои ҳавоӣ «террористон» мебошанд. Дар ҳамин ҳол ИМА ва нозирон изҳор медоранд, ки ҳадафи Москва ҳимоят аз раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад мебошад.

XS
SM
MD
LG