Ссылки доступа

Дар Кубан сарбози дар Сурия кушташудаи рус ба хок супорида мешавад


Ҷасади сарбози қарордодии рус Вадим Костенко, ки дар Сурия кушта шудааст, ба зодгоҳи ӯ дар Кубани Русия интиқол дода шуд.

Дар бораи марги сарбози рус дар Сурия Вадим Костенко 27 октябр блогнависони гуруҳи Conflict Intelligence Team (CIT) бо такя ба ахбори шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Бино бар иттилои блогнависон, сарбози 19-сола рӯзи 24 октябр кушта шудааст, маҳз дар он рӯзе, ки намояндагони мухолифини Сурия қасд доштанд ба пойгоҳи ҳарбии Русия дар шаҳри Хмеймими он кишвар ҳамла кунанд. Гузашта аз ин, блогнависон бар ин боваранд, ки эҳтимол Костенко маҳз дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ ва ё ҳуҷум кушта шудааст.

Дар вазорати дифои Русия низ марги сарбози қарордодиро тасдиқ карданд. Вазорат гуфт, сарбоз худкушӣ кардааст. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки сарбоз бо маҳбубааш мушкил доштааст. Волидайни Вадим Костенко дар мусоҳиба бо хабаргузории Reuters гуфтаанд, ба худкушии фарзандашон бовар надоранд. Вазорати дифои он кишвар ваъда кард, ки марги сарбозро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG