Ссылки доступа

Ҳукумати Қирғизистон истеъфо дод


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев фармони истеъфои ҳукумати кишварашро имзо кард. Дар ин бора бо такя ба хадамоти матбуотии президент Отамбоев бахши қирғизии радиои «Озодӣ» хабар додааст.

Бино бар фармони мазкур, ҳукумати Қирғизистон ҳамзамон бо оғози кории ҳайати нави порлумон ва қатъи ваколати порлумони пешин ба истеъфо фиристода шудааст. Баъди ташкили эътилоф дар порлумони тозаинтихоб, ҳукумати нави Қирғизистон ташкил дода мешавад.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон 4 октябр баргузор шуд ва 6 ҳизби сиёсӣ вориди порлумон гаштанд. Ҳукумати нав мутаносибан ба саҳми онҳо дар порлумон таъсис дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG