Тарҳи тағйиру иловаҳо 8 октябр аз сӯи порлумони он кишвар қабул шуд буд. Ин тағйиру иловаҳо уҳдадории мақомоти марказӣ ва маҳаллии он кишварро дар баробари мероси таърихиву фарҳангӣ коҳиш медиҳад. Тибқи тағйироти нав, таъсиси Шӯрои миллии адабиёт ва ҳунар дар назди президенти Қазоқистон дар назар дошта шудааст. Ба ҷуз ин, ташкили бахшҳои шӯрои бадеӣ дар назди вазорати фарҳанг ва варзиш низ дар назар аст.
Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонунгузории он кишварро дар бораи фарҳанг ва мероси таърихиву фарҳангӣ имзо кард, хабар медиҳад маркази матбуотии президент.